27 Ноябр 2026 - 21:00
Source: ABNA
Радди даъвои ҳамлаи нерӯҳои эронӣ ба Кувайт

Сухангӯи олии Қувваҳои мусаллаҳ даъвоҳои охири артиши Кувайтро дар бораи рух додани ҳамлаи нерӯҳои эронӣ ба яке аз марказҳои ҳаётан муҳими ин кишвар қатъиян рад кард.

Ба гузориши хабаргузории Абно, сухангӯи олии Қувваҳои мусаллаҳ бо ишора ба даъвоҳои охири артиши Кувайт дар бораи рух додани ҳамлаи нерӯҳои эронӣ ба яке аз марказҳои ҳаётан муҳими ин кишвар, дар ҳоле ки ин даъворо қатъиян ва пурра рад кард, эълом кард, ки ҳеҷ гуна амалиёти низомӣ ё таҳоҷумӣ аз сӯи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар минтақа сурат нагирифтааст.

Сардор Шикорчӣ илова кард: «Бо назардошти пешинаи амалҳои хусуматбор ва нақши режими сионистӣ ва нерӯҳои амрикоӣ дар истифодаи парчами дурӯғ ва моҷароҷӯиҳои минтақавӣ, ин иттиҳомот ҳамчун пӯшише барои идомаи шарор ва кӯшиш барои афзоиши ноамнӣ дар минтақа талаққӣ мешавад.»

Your Comment

You are replying to: .
captcha